Қадрдонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Эрон ба сабаби ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон
(last modified 2020-09-17T04:23:43+00:00 )
Сентябр 17, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Эрон ба сабаби ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон

Раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон аз Эрон ба сабаби ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Баҳодур Аминиён-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон бо ишора ба оғози музокироти сулҳи афғонҳо дар Давҳаи Қатар гуфт: Эрон ҳамвора аз барқарории сулҳ дар Афғонистон ҳимоят кардааст.

 Аминиён низ дар ин дидор гуфт:Барқарории сулҳи воқеӣ дар Афғонистон хости Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Муҳаммадҳаниф Атмар-сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар бораи охирин вазъияти раванди сулҳи ин кишвар ва нақши кишварҳои ҳамсоя дар он ва ҳамчунин санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Афғонистон табодули назар кард.

 Зариф бо ибрози хурсандӣ аз баргузории музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳар навъ мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон таъкид кард.

 Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон аз рӯзи шанбе дар Қатар оғоз шудааст.

 

Барчасп