Истиқболи мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз идомаи ҳамкорӣ бо Эрон
Мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, аз тадовуми ҳамкории ожонс бо Эрон истиқбол кард.
Ба гузориши шабакаи Би Би Си, Рафаэл Кросси, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз панҷшанбе гуфт: сатҳе аз ҳамкорӣ бо Эронро дорем, ки ба бозрасон иҷоза медиҳад фаъолият кунанд.
Мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ҳамчунин иддаоҳои Амрико ва Исроил дар мавриди ниёз ба бозрасии ду макон дар Эронро такзиб кард.
Се кишвар Олмон, Британия ва Фаронса тройкаи Аврупо дар як изҳороти муштарак дар заминаи сиёсати зиддиэронии Кохи Сафед аз Эрон даъват карданд, ки ба МАГАТЭ тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод кунад.
« Козим Ғарибободӣ » сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байалмилалии мустақар дар Вена , низ имрӯз панҷшанбе дар нишасти фаслии шӯроии ҳукком бо ташреҳи мавозии Ҷумҳурии Исломии Эрони дар хусуси гузориши падмании мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ афзуд : Эрон ба таври довталабона дархости ожонс барои расидагӣ ба мавзӯъоти эҳтимолии падманиро пазируфти.Ғарибободӣ ҳамчунин гуфт : Амрико ва режими саҳюнистӣ барои солиёни мутамодӣ бо ҳадафи инҳирофи ҷомеаи байналмилалӣ ва ожонс , аз эҳтимоли бомбаи ҳастаӣ ва фаъолиятҳои ба истилоҳи пинҳонии Эрон сӯҳбат мекунанд , дар ҳоле ки на танҳо токунун аз ин бомбаи хаёлӣ хабаре набудааст, балки Эрон кишваре аст, ки бештарини шафофиятро дар таъомулоти худ бо ожонс дорад.