Аврупо: ҳар иқдоме барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон асари қонунӣ надорад
(last modified Sat, 19 Sep 2020 03:59:41 GMT )
Сентябр 19, 2020 08:59 Asia/Dushanbe
  • Аврупо: ҳар иқдоме барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон асари қонунӣ надорад

Бритониё,Олмон ва Фаронса бори дигар талоши Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳидро алайҳи Эрон рад карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бритониё, Олмон ва Фаронса рӯзи ҷумъа дар номае ба Шӯрои амнияти СММ бо таъкид бар инки таълиқи таҳримҳои Эрон пас аз 20 сентябр ҳамчунон идома хоҳад дошт таъкид карданд, ҳар гуна тасмим ё иқдом барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон фоқиди асари қонунӣ аст.

Кишварҳои Бритониё,Олмон ва Фаронса дар ин нома таъкид карданд, ки ба тавофуқи ҳастаии Эрон (БарҶом) пойбанд хоҳанд монд.

Амрико дар пайи шикаст дар Шӯрои амнияти СММ дар заминаи тасвиби пешнависи қатъномае, ки барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон ироа карда буд ва бовуҷуди хурӯҷи ғайриқонуниаш аз БарҶом қасд дорад аз созу кори мавсум ба бозгашти худкори таҳримҳо, ки танҳо барои аъзои мушорикаткунанда дар ин тавофуқ маҳфуз аст, барои бозгардондани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон истифода кунад.

Дар ҳамин замина Амрико 20 август бо ироаи иблоғияе ба Шӯрои амният бо иддаои нақзи асоси БарҶом аз ҷониби Эрон муддаии бозгашти худкори таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон аз 20 сентябр 2020 шуд.

Иқдоме, ки бо мухолифати қотеи аъзои Шӯрои амният мувоҷеҳ шудааст.