Чопи ҷадиди «Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома»
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57615-Чопи_ҷадиди_Нома_ва_номанигорӣ_дар_Шоҳнома
Тарҷумаи форсии китоби «Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома», асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 20, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Чопи ҷадиди «Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома»

Тарҷумаи форсии китоби «Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома», асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.

Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд.

Ин китоб пас аз даргузашти нобаҳангоми равоншод Ҷурабек Назрӣ бар асари куруно ба поси хадамоти он устоди фақид бознашр шудааст.

Вақте китобро ба устод Нозанин, доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ, барои назархоҳӣ супурдам пеш аз хондан чанд далел оварданд, ки мувофиқи табъи муҷаддади ин китоб буд.

Доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ гуфтааст, ин асар бахше аз таърихи адабиёти форсӣ дар Эрони фарҳангӣ аст.

Асли ин китоб ба хатти кириллӣ аст, ки барои аввалин бор дар даҳаи ҳаштоди хуршедӣ нусхаи баргардоншудаи он ба хатти форсӣ ва ба теъдоди маҳдуд бо муқаддимаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

Бо таваҷҷуҳ ба интишори ин китоб дар авоили даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрондӯстии мантиқии тоҷикон дар саросари ин асар ошкоро нуҳуфтааст.