Сентябр 20, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати СММ бо иддаои Амрико дар бораи бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо мавзеъгирӣ ва иддаои Амрико дар бораи бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон мухолифат кард.

Ба гузориши Райтерз, Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ дар номае ба Шӯрои амнияти ин созмон эълом кард, ки ба далели набуди қатъият дар хусуси сиҳати иддаои Амрико мабни бар бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон, ҳеҷ иқдоме дар ин бора наметавон анҷом дод.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико муддаӣ шудааст, ки тамоми таҳримҳои Созмони милал алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла маҳдудияти таслиҳотӣ эҳё шудааст.

Намояндагии Фаронса дар СММ бо судури баёнияе эълом кард, таҳримҳои байналмилалӣ бар Эрон ҳамчунон лағв шуда боқи мемонанд ва Фаронса, Олмон ва Бритониё ба иҷрои комили тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон мутааҳҳид ҳастанд.

Намояндагии Русия дар СММ низ бо интиқод аз ин иқдоми Амрико эълом кард, Амрико ба ин шакл ба худаш тавҳин мекунад ва лаҷуҷона бо дигар аъзои Шӯрои амнияти СММ мухолифат мекунад.

Иддаоҳои мақомоти аршади амрикоӣ дар хусуси Эрон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки таҳримҳо вақфае дар масири Эрон эҷод накарда ва Вашингтон ба аҳдофи аслии худ дар инбора нарсидааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ваъда дода буд, ки бо хурӯҷ аз БарҶом ва пайгирии сиёсати мавсум ба «корзори фишори ҳаддиаксарӣ», Эронро ба ҳузури пои мизи музокира барои расидан ба «тавофуқи беҳтар» муҷоб хоҳад кард.

 

Барчасп