Сентябр 21, 2020 12:19 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Амрико дар бораи бозгашти таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, таваҳҳуми Вашингтон

Бо нокомии Амрико дар тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон  дар Шӯрои амният, давлати Трамп бо иддаои узвият дар БарҶом ва нақзи асосии ин тавофуқ тавассути Теҳрон, муддаии бозгашти худкори таҳримҳои байналмилалӣ, алайҳи Эрон шуд ва муҳлати як моҳаро дар ин замина эълом кард.

Дар поёни ин муҳлат вазорати хориҷаи Амрико бомдоди якшанбе (20 сентябр) иддао кард, тамоми таҳримҳои Созмони Милал Муттаҳид алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳрими таслиҳотӣ эҳё шуданд. Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико бо судӯри баёнияе, Эронро бузургтарин таҳдид барои минтақаи ғарби Осиё иддао карда ва гуфт: «имрӯз Амрико аз бозгашти тамоми таҳримҳои СММ бар Эрон, ки пештар лағв шуда буданд, истиқбол мекунад». Помпео бо ишора ба инки дар таърихи 20 август, Иёлоти Муттаҳида дар бораи адами иҳтимоми Эрон ба тааҳҳудоти БарҶом-иаш ба раиси Шӯрои амният итилоъ дод, муддаӣ шуд: «таҳримҳо мутаъоқиби фароянди “Snapback” (бозгашти таҳримҳо ба сӯрати худкор ва бидуни ниёз ба ҳеч музокира ва чоназанӣ алайҳи Эрон) зайли қатъномаи 2231 Шӯрои амният, бозгаштаанд.»

Иддаои Амрико дар бораи бозгашти худкори таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дар ҳоле унвон мешавад, ки 13 узви доим ва ғайри доими Шӯрои амният, аз ҷумла ҳамаи аъзои гурӯҳи 4+1 бо ин амр ба мухолифат бархеста ва Шӯрои амният низ нафақат қатъномаеро дар ростои хостаи Вашингтон матраҳ накард, балкӣ бар хилофи хостаи давлати Трамп ҳеч як аз муқаддамоти иҷроии ин таҳримҳо, аз ҷумла ташкили кумитаи таҳримҳо ва панели коршиносиро низ амалиётӣ накарда аст. Намояндагони Русия ва Фаросна дар СММ бо интиқод аз иқдоми Амрико барои эҳёи таҳримҳои байналмилалӣ бар Эрон, гуфтанд, ин таҳримҳо камокон лағв шуда боқӣ мемонанд. Барбара Славина, мудири барномаи мавсӯм ба “ибтикори ояндаи Эрон” дар Андешакадаи Шӯрои Атлантики Амрико мегуяд, бо тавваҷуҳ ба ин ки аксари кишварҳо истидлоли ҳуқуқии Амрикоро рад карда ва дар садади нодида гирифтани таҳримҳои "Snapback”ҳастанд, “ҳеч чизе мутлақан тағйир нахоҳад кард.”

Бад-ин тартиб иқдоми Амрико дар воқеъ иддаое бе пуштвона ва як тарафа аст. Ҳадафи аслии Вашингтон аз ҳамаи ин иқдомот дар воқеъ ҷилавгирӣ аз лағви таҳрими таслиҳотии Эрон аст.  Дар ин бора Пампео ба сароҳат гуфтааст, ки мо мутобиқ бо ҳуқуқи худ зайли қатъномаи 2231, фароянди “Snapback”-рои оғоз кардем то амалан тамоми таҳримҳои лағв шудаи СММ, аз ҷумла маҳдудияти таслиҳотиро эҳё кунем.

Амрико, ки таваҳҳуми абарқудратӣ ва пулиси ҷаҳониро дорад бар ин тасаввур аст, ки ҳамаи кишварҳо бояд тибқи хостаҳо ва аҳдофи он амал кунанд. Ба ҳамин далел Амрико пас аз эъломи иҷроӣ шудани ин таҳримҳо дар ростои рӯйкарди ҳамешагии худ, яъне таҳдид ва таҳрим, акнун ҳамаи ҷаҳонро ҳадафи ин таҳдид қарор додааст. Дар баёнияи вазорати хориҷаи Амрико ба таҳдиди кишварҳои ҷаҳон дар сӯрати мухолифат бо иҷрои таҳримҳои иддаоӣ пардохта шуда ва тасреҳ шуда, ки «агар аъзои СММ илзомоти худ барои иҷрои ин таҳримҳоро иҷро накунанд, Иёлоти Муттаҳида омодааст аз ихтиёроти дохилӣ барои эъмоли авоқибе бар онҳо истифода кунад ва мутмаин шавад Эрони аз фавоиди фаъолиятҳои мамнӯъшуда тавассути СММ, баҳраманд немешавад». Ба назар мерасад, акнун Амрико ночор аст то ба ивази муқобила бо Эрон дар воқеъ бо ҳамаи ҷаҳон муқобила кунад. Зеро амалан ҷуз Амрико ва бархе муттаҳидони кӯчаки он, ҳеч як аз қудратҳои байналмилалӣ ҳам аз шарқӣ ва ғарбӣ низ дигар аъзоии Шӯрои амният, ин иддаоро ба расмият нашинохта ва дақиқан бар хилофи он ба мавзегирӣ пардохтаанд. Дар воқеъ давлати Трамп бояд ба танҳоӣ бори иҷрои таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эронро бар дӯш кашад ва мунзавитар аз қабл шавад. Barbara Pellet Osher, хабарнигори сиёсӣ дар “Твиттер” навишт: « тақрибан тамои аъзои Шӯрои амният мегӯянд, ин иқдом ботил аст, зеро Амрико аз фароянде истифода мекунад, ки зайли тавофуқи ҳастаии Эрон мавриди тафоҳум қарор гирифта, ки Амрико акнун дигар узве аз он нест. Аммо Амрико ҳушдор дода, ки омодааст то ин гомро бо таҳримҳои сонавия бар касоне, ки ба он бе эътиноӣ мекунанд, иҷро кунад».

Дар айни ҳол Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки борҳо бар ғайр қонӯнӣ будани иқдомоти зиди эронии Вашингтон таъкид карда, пас аз баёнияи вазорати хориҷаи Амрико дар мавзегирии қотеъонае бар лузӯми вокуниши байналмилалӣ дар қиболи иддаои беасоси Амрико таъкид кардааст. Маҷиди Тахтравончӣ, намояндаи Эрон дар СММ дар номае ба дабири кулли ин созмон ва Шӯрои амният эълом кард, иқдоми Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Шӯрои амният ғайриқонунӣ, ботил ва беасар аст. Вай ҳамчунин дар “Твиттер”эълом кард: «Аъзои Шӯрои амният ҳамчунон муътақиданд, Амрики мушорикаткунанда дар БарҶоам нест, пас иддаои “Snapback”, пуч ва ботил аст. Амрико ҳанӯз ҳам БарҶом қатъномаи 2231-ро нақз мекунад. Шино кардан хилофи ҷиҳати байналмилалӣ, фақат инзивои бештар дар пай дорад». Дар айни ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳар гӯна иқдоми эҳтимолии Амрико дар ростои иҷроӣ кардани иддаои пучи худ ҳушдор дода ва омодаи муқобилаи фаъолона бо ин иқдомот аст.

Нуктаи дигар ин ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури ҷанҷолии Амрико тавваҷӯҳ ба нокомиҳои мутааддиди дохилӣ акнун барои афзоиши маҳбӯбияти худ ва иддаои касби пирӯзиҳое дар арсаи хориҷӣ дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, талош мекунад то бо афзоиши фишор бар Эрон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ин гӯна вонамуд кунад, ки дар заминаи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар чорчӯби механизми мавсӯм ба моша ё “Snapback” ба муваффақият расида аст, то бад-ин тартиб ваҷҳаи худро дар афкори умумии Амрико иртиқо диҳад. Ба гуфтаи Ҳусайни Канъонӣ Муқаддам, коршиноси масоили сиёсати хориҷӣ, амрикоиҳо ба дунболи ин ҳастанд дар остонаи интихоботи раёсатҷуҳмурии Амрико бо фишор ва иқдомоти якҷонибагароёна дар хусӯси механизми моша, шанси пирӯзии Трампро дар интихобот боло бибаранд.

 

Барчасп