Сентябр 21, 2020 14:18 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Трамп ба мавқеъияти бартари Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико ба таври зимнӣ ба мавқеъияти бартари Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ эътироф кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар гуфтугу бо шабакаи Факс ниюс бори дигар ба танҳо мондани Амрико муқобили Эрон эътироф кард ва тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро « як тавофуқи аҳмақона » ва « фоҷеъаи бузург » хонд.

 Трамп афзуд : Ҷон Керри-вазири собиқи умури хориҷаи Амрико шахси бекифоят буд ва дар бораи тавофуқе музокира кард, ки бар асоси он ҳар чиро, ки ( Эрон ) ме‌хост ба онҳо дод .

 Трамп дар ин гуфтугӯ бори дигар бо такрори иттиҳомоти беасоси худ дар бораи ҳимояти Эрон аз террористҳо , муддаӣ шуд таҳримҳои иқтисодӣ боис шуд, ки Эрон натавонад ба ҳеч гурӯҳи террористӣ дар саросари ҷаҳон пул бипардозад .

 Бо вуҷуди мухолифати дигар аъзои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид , Майк Пампео-вазири хориҷаи Амрико рӯзи шанбе муддаӣ шуд тамоми таҳримҳои Созмони Миллал алайҳи Эрон аз ҷумла маҳдудияти силоҳӣ эҳё шуданд .

 Вазирони умури хориҷаи се кишвари аврупоии узви тавофуқи ҳастаӣ, яъни Олмон , Британия ва Фаронса низ дар вокуниш ба ин иддаои Амрико рӯзи якшанбе дар баёнияие муштарак таъкид карданд, ки ба қатъномаи 2231-и Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва бекорсозии таҳримҳои Эрон пойбандӣ доранд .

 

Барчасп