Ковид -19 дар Эрон ҳамчунон қурбонӣ мегирад: ҷон бохтани 178 тани дигар
Сӯхангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 178 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содоти Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта се ҳазору 712 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 817 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд .
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 429 ҳазору 193 нафар расидааст, ки токунун 363 ҳазору 737 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта 178 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 24 ҳазору 656 нафар расидааст .
Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 31 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 970 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 23 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .