Сентябр 24, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Зариф: иқдомоти қаҳромези якҷониба дар мубориза бо корона, терроризми иқтисодӣ ва пизишкист

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: барои муқобила бо душмани микроскопӣ ва ҳамагири "Ковид -19", ки қудратҳои бузургро фориғ аз қудрати низомӣ, сарвати иқтисодӣ ва мошинҳои таблиғотӣ онҳоро ба зону даровардааст, қадрдонӣ ва ҳамкорӣ кард.

Вазири  умури хориҷаи Эрон « Муҳамадҷаводи Зариф » рӯзи панҷшанбе дар нишасти маҷозии вазирони  умури хориҷа  конфференсияи таъомулу иқдомоти эътимодсоз дар Осиё ( CICA ) бо таъкид бар нақши меҳварии ин созмон дар пешбурди чандҷонибагароӣ ва тазмини ҳамкории фарогир  афзуд : бидуни тардид , басиҷ  манобе бо ҳадафи муқобилаи муштарак бо чолиши бузурге монанди Ковид -19 зарурӣ аст .
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ин ки аъзои  Сико бояд бо тақвияти ҳамкориҳои худ дар чорчӯби созмонӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ талош кунанд, таъкид кард : наҷоти ҷони инсонҳо ва каромати инсонӣ бартар аз ҳар чизи дигаре аст .
Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон бо баёни ин ки Эрон  омодаи пайвастан ба дӯстону ҳамсоягони худ дар Сико ва табодули донишу тахассус дар ин рисолати ҷамъӣ аст , гуфт : танҳо роҳи ғалаба бар чолишҳои муштарак, ки саломату амнияти миллатҳоро таҳдид мекунад , ҳамкорӣ барои ёфтани роҳи ҳалҳои муштарак аст .

Барчасп