Сентябр 25, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи афғонҳо аз намоишгоҳи фаннӣ, муҳандисӣ ва хадамотии Эрон дар Кобул

Масъулон ва мақомоти Афғонистон аз нахустин намоишгоҳи фаннӣ, муҳандисӣ, мухобирот ва хадамоти шаҳрии Эрон дар Кобул, пойтахти Афғонистон истиқбол карданд.

Ба гузориши ИРНА, намоишгоҳи фаннӣ-тахассусӣ дар бахши муҳандисии хадамоти шаҳрӣ, мухобирот, барқ ва сохтумонӣ, ки аз рӯзи 22 сентябр оғоз ап рӯзи панҷшанбе бакори худ поён дод, мавриди истиқболи шаҳрвандони афғон қарор гириф.

Баҳодур Аминиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул, гуфт, ин намоишгоҳ бар хилофи мавридҳои қаблӣ, ки барои ироаи хадамоти муҳандисӣ, фаннӣ, мухобирот ва барқ баргузор шуда буд, ба таври умда дар меҳвари интиқоли технологӣ аст.

Муҳаммадмаҳдии Ҷавонмарди Қассоб, ройзани бозаргонии Эрон дар Кобул ҳам гуфт, интиқоли дониши фаннӣ ва якҷо шудани ширкатҳои эронӣ ва афғон барои анҷоми хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, ошноии тоҷирони ду кишвар ба тавонмандиҳои худашон, натиҷа ва дастоварди ин намоишгоҳи серӯза будааст.

Ҷавонмарди Қассоб афзуд, се вазир, муовинони вазир ва шаҳрдори Кобул ва афроди мутахассис, донишгоҳиён ва ширкатҳои бузурги хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, гардишгарӣ ва ширкатҳои хадамоти шаҳрӣ аз намоишгоҳ дидан карданд.

 

Барчасп