Сентябр 26, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Адреси тамоми ҷиноёт алайҳи мардуми Эрон, Кохи Сафед аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи мардуми Эрон гуфт, адреси тамоми ҷиноёт алайҳи мардуми Эрон, Кохи Сафед аст .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо куруно бо баёни инки амрикоиҳо дар ду соли гузашта бо таҳрими ғалат, ғайриқонӯнӣ, беҷо ва зиддиинсонӣ ва ҳамчунин илмӣ ҳамчунин амалиёти террористӣ, ҳаддиақал 150 миллиарддоллар ба кишвар латма заданд изҳор кард, онҳо ҳатто ҷилави интиқоли доруву дармон ва маводи ғизоӣ ба Эронро гирифтанд ва бузургтарин таваҳуши таърихиро анҷом доданд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба мухолифати Амрико бо воми панҷмиллиард долларии Эрон аз Сандӯқи байналмилалии пул барои таъмини дору ва таҷҳизоти дармонӣ ва бемористонӣ афзуд, вазири хориҷаи Амрико, вазири ҷиноят аст ва ба душманӣ бо миллати Эрон ифтихор мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, маншаи тамоми мушкилоти мардуми Эрон аз саҳюнизм, иртиҷоъ ва аз тундравҳои Амрико аст ва имрӯз фармондеҳии ин ҷиноёт алайҳи мардуми Эрон дар Амрико аст.

Рӯҳонӣ бо баёни инки мардуми Эрон дар баробари ҷиноёти Амрикои истодагӣ ва муқовимат карданд афзуд, ҳамонтавре, ки 40 сол пеш мардуми Эрон муҳосираи Ободон аз сӯи режими Саддомро шикастанд, муҳосираи Трампро хоҳанд шикаст.

 

Барчасп