Сентябр 28, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Эҳёи равобити Теҳрон – Душанбе ва таъсири он бар минтақа

Равобити Эрон ва Тоҷикистон соли гузашта пас аз ҳудӯди чаҳор сол сардӣ, бо сафари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон беҳбуд ёфт ва ин сафар сароғози ҳамкориҳои ду кишвар шуд.

Эрон пас аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дар назар гирифтани ин минтақа ба унвони яке аз аслитарин ҷиҳатҳои шикастани муҳосираи геополитикӣ ва иқтисодии Ғарб, ҳамеша ба муҳкамтар кардани муқеияти худ дар ин минтақаи алоқ манд будааст. Аз ин дидгоҳ, Тоҷикистон ба далели иштирокоти забонӣ ва фарҳангӣ бо Эрон, ба таври суннатӣ яке аз меҳварҳои аслии дипломосии Эрон дар минтақа аст.

Барои Тоҷикистон низ равобит бо Эрон аз аҳаммияти вижае  бархӯрдор аст, ки танҳо ба манофеи иқтисодӣ ва геополитикии он  марбут намешавад. Воқеъият ин аст, ки тоҷикҳо ва эрониҳо дорои собиқаи деринаи муштараке ҳастанд ва он, фазои тамаддунӣ, забонӣ ва таърихи ягона аст, ки қарнҳо ҳар ду миллатро ба ҳам пайванд додааст.

Соли гузашта пас аз ҳудӯди чаҳор сол сардии равобит, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар кард ва дар дидори вай бо раисиҷумҳур ва шуморе дигар аз мақомоти Эрон, тарафҳо бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бавижа дар арсаи транзити коло ва мубориза бо терроризм таъкид карданд. Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор зимни эъломи омодагии Эрон барои “ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ” ва “мушорикати бештар дар иҷрои пружаҳои Тоҷикистон”, “бар густариши ҳамкорӣ дар масири мубориза бо тероризм” низ таъкид кард, ки бо истиқболи тарафи тоҷик рӯбарӯ шуд.

Рӯзи 9-уми сентябри ҷорӣ низ Рӯҳонӣ зимни табрики 29-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои тоҷики худ ва мардуми ин кишвар, эълом кард, ки Теҳрони ҳамеша моил ба тавсеъаи равобит бо Душанбе дар тамоми заминаҳои дуҷониба ва чандҷониба бо тавваҷӯҳ ба фарҳангу забони муштарак будааст. Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин таъкид кард, дар шароити кунӯнии ношӣ аз буҳрони ҷаҳонии куруно зарурӣ аст, масъулони ду кишвар барои тавсеъаи ҳамкориҳо ба манзури рафъи мушкилоти иқтисодии минтақа ва интиқоли таҷрибаҳо дар заминаи муқобила бо ин беморӣ, талош ва таомули бештаре бо якдигар дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол роҳандози полоишгоҳи нафтии Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ба далели камбуди маводи аввалия ба таъхир афтодааст, ки музокирот барои таъмини маводи аввалия бо ширкатҳои эронӣ, қазоқистонӣ ва русӣ дар дасти пайгирӣ аст. Сохти ин нерӯгоҳ ду сол пеш ба поён расид, аммо роҳандозии он ҳамчунон ба таъвиқ афтода аст.

Бо нигоҳе ба раванди куллии равобити Эрон ва Тоҷикистон аз замони фурӯпошии Шуравӣ токунӯн, метавон дарёфт, ки сатҳи равобити ду кишвар ҳамвора бо потансиалҳои мавҷӯд фосилаи зиёде доштааст, ки ин мавзӯ бавижа дар солҳои ахир беш аз гузашта ба чашм мехӯрад. ба гуфтаи таҳлилгарон, беҳбуди равобити Теҳрон ва Душанбе на танҳо барои ҳарду кишвар аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст, балки дар дарозмуддат метавонад бар тавсеъа ва вазъияти куллии минтақа низ таъсири мусбат бигузорад.

 

Барчасп