Иддаои музокира бо Эрон, таблиғоти Трамп барои масрафи дохилӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57901-Иддаои_музокира_бо_Эрон_таблиғоти_Трамп_барои_масрафи_дохилӣ
Нашрияи кувейтии «Ал Ҷарида» ахиран бо интишори хабаре муддаи шуд, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокира барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадид бар сари БарҶомро дар Умон оғоз кардаанд ва ҳатто омодаи имзои як паймони ҳамкорӣ ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 29, 2020 16:16 Asia/Dushanbe
  • Иддаои музокира бо Эрон, таблиғоти Трамп барои масрафи дохилӣ

Нашрияи кувейтии «Ал Ҷарида» ахиран бо интишори хабаре муддаи шуд, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокира барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадид бар сари БарҶомро дар Умон оғоз кардаанд ва ҳатто омодаи имзои як паймони ҳамкорӣ ҳастанд.

Сухангӯи вазорати  умури хориҷа ин иддаоро такзиб ва тасреҳ кардааст, музокирае байни Эрон ва Амрико анҷом нашудааст ва инҳо масрафи дохилӣ дорад, ки шояд ба дарди Доналд Трамп бихӯрад.

Саиъди Хатиб‌зода, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ, бо баёни инки Трамп ҳеч фаҳми дурусте аз  моҳияти равобити байналмилал ва равобити Амрико ва Эрон надорад афзуд, Трамп бояд хатои худро бипазирад ва ин ҷанги ғайрибашарӣ ва ҳамаҷониба ва таҳримҳои золимонаи зидди Эронро мутаваққиф кунад ва тамоми хисоратҳое, ки ба миллати Эрон аз масири ин ҷанг ворид кардааст, ҷуброн кунад, шояд вақте инҳоро анҷом дод дар гӯшае аз утоқи БарҶом, ҷое барои худ пайдо кунад.

Амрико ҳеч гоҳ бо ҳусани ният ба унвони қоидаи бунёди равобити байналмилал амал накардааст. Амрико бо хуруҷи якҷониба аз БарҶом ва эъмоли муҷаддади таҳримҳо ва ҳамчунин муҷозоти онҳое, ки ба қатънома пойбанд будаанд, БарҶом ва қатъномаи 2231-ро нақз кардааст. Бо чунин собиқае, музокирае миёни Эрону Амрико бо тавваҷуҳ ба сиёсатҳои Трамп алайҳи Эрон ба марзи ғайримумкин расидааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоб, як сол қабл (26 шаҳривари 1398) дар бахше аз суханонашон дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ дар оғози соли таҳсилии ҳавзаҳои  илмия, талоши Амрико барои музокира бо Эронро тарфанди ин кишвар барои исботи натиҷабахш будани фишори ҳаддиаксарӣ донистанд.

Эшон музокира бо Амрикоро манут ба шароит мушаххас карданд ва фармуданд: «Чунон чӣ Амрико ҳарфи худро пас гирифт ва тавба кард ва ба муоҳидаи ҳастаӣ, ки онро нақз кардааст, бозгашт, он вақт дар ҷамъи кишварҳои узви муоҳида, ки ширкат ва бо Эрон суҳбат мекунанд, Амрико ҳам метавонад ширкат кунад, аммо дар ғайри ин сурат ҳеч музокирае дар ҳеч сатҳе байни масъулони Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико иттифоқ нахоҳад афтод на дар Ню-Йорк ва на ғайри он.»

Ҳақиқат ин аст, ки дипломосии Амрико руйкард ба музокира нест, балки сиёсати таҳоҷумӣ дар пушиши фиребкорӣ аст. Трамп дар шароити кунунӣ ба шиддати гирифтори рақобатҳои интихоботӣ ва ҳамзамон мувоҷеҳ бо эътирозоти васеъи мардумӣ ва мушкилоти ношӣ аз шуюи густардаи вируси куруно ба иллати заъфи мудирият аст. Дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳатто дар сатҳи Шурои амният низ сиёсатҳои қулдурмаобона ва боҷхоҳонаи Амрико ба бунбаст расидааст.

Муҳаммад Марандӣ, коршиноси масоили Амрико бо ишора ба иддаои матраҳшуда дар хусуси музокироти маҳрамона байни Эрон ва Амрико дар Уммон мегуяд, Амрико режими тамомиятхоҳ аст, ки ба фикри музокираи бурд -бурд нест. Трамп умеде ба пирӯзӣ надорад ва ин гуна ахбор бештар таблиғоти интихоботӣ аст.

Аҳдофи Амрико аз музокира бо Эронро мешавад дар ду мавзӯ ҷамбандӣ кард:

Мавзӯи нахуст, ба исбот расондани назарияи таслимпазирии Эрон дар муқобили эъмоли ҳамзамонии ду ҷараён«таҳдид ва таҳрим» аст.

Мавзӯи дувум, баҳрабардории абзорӣ аз кашондани Эрон ба пои мизи музокира бо масрафи таблиғотӣ, дар ҷиҳати эътиборсозӣ барои Трамп ба унвони раисиҷумҳури мутаодил ва аҳли музокира аст.

Аммо моҳияти воқеии Трамп на фақат барои миллати Эрон балки барои мардуми Амрико ва ҳамаи ҷаҳон шинохта шудааст. Давлатмардони Амрико алорағми сиёсатҳои ғалат дар қиболи Эрон, аммо ҳамчунон бар идомаи иштибоҳоти гузашта исрор доранд. Хабарсозиҳо аз навъи музокира бо Эрон низ сохтаву пардохтаи ҳамон зеҳниятҳои ғалат аст.