Сентябр 30, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 17 шаҳрванди эронӣ аз Ҳинд баъд аз ҳафт моҳ

Теъдоде аз шаҳрвандони эронӣ, ки дар пайи эпидемияи вируси корона дар Ҳинд монда буданд, бо талошҳои Вазорати хориҷа ва сафорати Эрон дар Деҳлии Нав ба кишвари худ бозгаштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИСНА, ин 17 нафар аз шаҳрвандони аҳли суннати устонҳои Систону Балуҷистон ва Хуросони ҷанубии Эрон ҳастанд, ки барои ширкат дар як маросими мазҳабӣ ба даъвати Ҳинд ба он кишвар сафар карда буданд .
Ин афрод, ки ба далели густариши корона ва лағви парвозҳо натавониста буданд ба кишвари худ бозгарданд бо талоши Вазорати хориҷаи Эрон ва ҳамкории мақомҳои Ҳиндӣ шомгоҳи сешанбе ба ватан бозгаштанд .
Гуруҳи  дигар аз донишҷӯён ва тоҷирон низ июли гузашта аз Ҳинд ба Эрон бозгардонда шуданд .
Ҳинд аз назари теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 пас аз Амрико дар ҷойгоҳи дувум ва аз назари теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ пас аз Амрико ва Бразилия дар ҷойгоҳи сеюм ҷаҳон аст .
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Ҳинд то кунун беш аз шаш миллиону 200 ҳазор нафар дар ин кишвар ба Ковид - 19 мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод  ҳудуди 97 ҳазор нафар  ҷон  бохтаанд .

Барчасп