Эъломи омодагии Эрон барои мушорикат бо Чин дар тавлиди ваксинаи Ковид -19
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо табрики фаро расидани солгарди таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин, омодагии Эрон барои мушорикат бо Чин дар тавлиди ваксинаи Ковид -19 хабар додю
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар паёме ба Раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин Xi Jinping бо табрики фаро расидани ҳафтоду якумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин ба давлат ва мардуми ин кишвар навишт: мушорикати ҷомеи роҳбурдии Эрон ва Чин, ки аз иштирокоти фарҳангӣ, пешинаи равобити баландмуддати торихӣ, нигоҳи ду кишвар ба таҳаввулоти байналмилалӣ ва азми пойдори онон дар мубориза бо якҷонибагароӣ сарчашма мегирад, арсаи бузургеро барои тавсеъаи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои гуногун фароҳам кардааст .
Рӯҳонӣ ибрози итминон кард, ниҳоисозӣ ва имзои барномаи мушорикати ҷомеи роҳбурдии 25 солаи байни ду кишвар гоме бузург дар ҷиҳати пешбурди манофеъи муштарак ва дар ростоии сулҳу суботи байналмилалӣ ва муқобила бо якҷонибагароӣ фароҳам хоҳад кард .
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Теҳрону Пекин дар муқобила бо вируси корона афзуд : Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Чин дар заминаи тавлиди муштараки ваксини Ковид - 19 аст .
1 октябри соли 1949, Мао Цзэдун дар як бинои паҳлуи майдони Тянанмен дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин хабар дод.