Октябр 04, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Устоди эронӣ барандаи ҷоизаи COMSTECH 2019  

Ҷоизаи Кумитаи сабти ихтирои “COMSTECH 2019” ба устоди донишкадаи шимии Пардиси улӯми Донишгоҳи Теҳрон эъто шуд.

Ба гузориши Садо ва симо, хонум Сапедаи Хўӣ, узви ҳайати илмии Пардиси улӯми Донишгоҳи Теҳрон муваффақ ба дарёфти ҷоизаи сабти ихтироъи Кумитаи доимии ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварии Созмони Ҳамкории Исломӣ 2019 (COMSTECH 2019) шуд.

Кумитаи доимии ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварии Созмони ҳамкории асломӣ (COMSTECH) ба манзури афзоиши ҳамкориҳои илмӣ ва иртиқои сутӯҳи иртибототи илмии кишварҳои узви ин созмон ва бо ҳадафи тавсеаи омӯзишҳои такмилӣ, сармоягузорӣ дар бахши таҳқиқот, тавваҷӯҳи вижа ба фанноварии иттилоот ва мубодилаи иттилоот байни кишварҳои исломӣ,таъсис шудааст.

Ин ҷоиза аз соли 1997 аз тарафи Созмони Ҳамкории Исломӣ, ҳар ду сол якбор ба афроди барҷастае, ки дорои мушорикати қобили таваҷҷӯҳе дар пешбурди илм буда ва ё дорои сабти ихтироъ ҳастанд, таъаллуқ мегирад.

 

Барчасп