Октябр 05, 2020 20:38 Asia/Dushanbe
  • Пайгарди 46 амрикоии муртабит бо таҳримҳои золимона алайҳи Эрон

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари додгоҳи Эрон эълом кард, ки 46 шахси воқеӣ ва ҳуқуқии амрикоӣ, ки дар таҳримоти ваҳшиёна алайҳи мардуми Эрон даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, «Алӣ Боқирии Канӣ» дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон  асри имрӯз ( душанбе ) дар ҳошияи боздид аз бемористони кӯдакони муфид дар Теҳрон бо ишора ба тероризми пизишкӣ алайҳи мардуми Эрон гуфт: асомии 46 шахсияти ҳақиқӣ ва ҳуқуқии амрикоии  дахил дар таҳримҳои золимонаи алайҳи мардуми Эрон ҷамъоварӣ ва тадвин шуда ва барои пайгарди қонӯунӣ дар ихтиёри додситонии Теҳрон  қарор гирифтааст .
Боқирӣ афзуд: додситонии Теҳрони тибқи маводи қонунӣ барои пайгарди ин 46  амрикоӣ дахил дар таҳрими мардуми Эрон, иқдомоти қонуниро дар дастури кор  қарор хоҳад дод .
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо баёни ин ки дастгоҳи қазоӣ худро дар муқобили иқдомоти хасмона ва ҷинояткоронаи амрикоиҳо бар зидди мардуми Эрон  масъӯл медонад ёдовар шуд : кишварҳои аврупоӣ низ Иёлоти Муттаҳидаро дар аъмоли таҳрими доруӣ ва пизишкӣ алайҳи мардуми Эрон ҳамроҳӣ мекунанд .
Боқирӣ ҳамчунин бо ишора ба шабоҳати омилону ҳамроҳони аъмоли таҳримҳои доруӣ ва пизишкӣ алайҳи мардуми оддӣ бо террористҳои ДИИШ  афзуд : танҳо тафовути таҳримкунандагони маводи доруӣ ва пизишкӣ бо аносири ДИИШ ин аст, ки ДИИШ  бо шамшир одам мекушанд, аммо таҳримгарони доруӣ ва пизишкӣ бо ҳафттирҳои садои хафакун, ҷони кӯдакону беморонро меигиранд .

Барчасп