Октябр 06, 2020 15:55 Asia/Dushanbe
  • Алиакбари Вилоятӣ: Манотиқи ишғолии Озарбойҷон бояд тахлия шавад

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бо ишора ба муноқишаи миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари масъалаи Қарабоғ гуфт: «Манотиқи ишғолии Озарбойҷон бояд тахлия шавад, аммо ин муноқиша роҳи ҳалли низомӣ надорад».

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бо таъкид бар ин ки муноқишаи миёни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон бояд аз тариқи сиёсӣ ҳал шавад, афзуд: Беш аз як миллион озарӣ дар пайи ин ҷанг аз хонаҳои худ овора шудаанд ва ин нишон медиҳад, ки бозандаи ҷанги миёни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон мардум ҳастанд.

Вилоятӣ афзуд: «Ҳамон тавр ки бо ишғоли Фаластин мухолифем, бо ишғоли ҷумҳурии Озарбойҷон низ мухолифем ва аз Арманистон мехоҳем, ки бахшҳои ишғолшудаи ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки ҳудуди 7 шаҳр аст, бозгардонад».

Вай таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳар иқдоми низомӣ аз тарафи ҳар ки бошад, мухолиф аст ва аз ҳеч кумаке барои миёнҷигарӣ ва сулҳ байни Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон дареғ нахоҳад кард.

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал ҳамчунин бо ишора ба қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид мабнӣ бар ин ки Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон ба марзҳои байналмилалӣ баргарданд, таъкид кард, тамомияти арзӣ яке аз усули маншури милали муттаҳид аст ва Эрон ҳам ба унвони яке аз аъзои СММ бар ин асл исрор дорад.

Вилоятӣ гуфт, ҷанги Озарбойҷону Арманистон ва вуқуи бархе таҳаввулот, аз ҷумла вуруди режими саҳюнистӣ, Туркия ва гурӯҳҳои террористии такфирӣ ба ин ҷанг ва шиллики гоҳу бегоҳи гулӯлаву хумпора ба хоки Эрон дар ин маърака, аз мавзӯоти нигаронкунандае аст, ки ҳар чӣ зудтар бояд мутаваққиф шавад.

Вай афзуд, режими саҳюнистӣ худ асосаш номашруъ будаву бар ишғоли Фаластин бино ниҳода шудааст ва аслан ҳақи изҳори назар дар ин маворидро надорад.

Вазири хориҷаи собиқи Эрон ҳамчунин гуфт, ба дӯстони худ дар Туркия ҳам тавсия мекунем, ба ҷойи рехтани нафт бар оташи ҷанг ва ташвиқи яке аз тарафайн ё ду тараф ба даргирӣ, тарафҳоро ба сулҳ ташвиқ кунад.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд. Муноқишаи ин ду кишвар бар сари минтақаи Қарабоғ соли 1988 оғоз шуд.

Даври ҷадиди ин даргириҳо аз 27 сентябр оғоз шуд ва то кунун шуморе аз нерӯҳои ду тараф кушта ва ё захмӣ шудаанд.

 

Барчасп