Октябр 09, 2020 18:58 Asia/Dushanbe

Устод Муҳаммадризо Шаҷариён, ҷону ҷаҳони овози эронӣ буд ва ҳоло ҳеч‌чиз, ҳатто марг ӯро аз форсизабонон ҷудо нахоҳад кард.

Зиндаёд устод Шаҷариён зодаи аввали меҳри 1319 (1940) дар Машҳад, мусиқи‌дон, оҳнг‌соз, хонанда ва хушнависи Эронзамин буд, ки рӯзи гузашта пас аз солҳо таҳаммули ранҷи бемории саратон дар бемористони Ҷами Теҳрон даргузашт.

Пайкари зиндаёд устод Шаҷариён барои хоксупорӣ дар оромгоҳи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ имрӯз ба Машҳад мунтақил шудааст.

Сайти Анҷумани Осиёи устод Муҳаммадризо Шаҷариёнро ба унвони пуровозатарин ҳунарманди мусиқии асили эронӣ муаррифӣ карду рӯзномаи “Ванкувер Сан” ӯро яке аз муҳимтарин ҳунармандони мусиқӣ дар соли 2010 ва яке аз 50 садои бартари ҷаҳон баршумурд.

Шаҷариён дар солҳои фаъолияти ҳунарии худ муваффақ ба тавлиди 60 албоми мусиқӣ ва иҷрои даҳҳо консерти дохиливу байналмилалӣ шуд ва дар миёни ҳамаи форсизабонон маҳбубияте вижа дошт.

 

 

 

 

Барчасп