Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ - аз суханварони номии ҷаҳон
(last modified Sun, 11 Oct 2020 06:10:51 GMT )
Октябр 11, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ - аз суханварони номии ҷаҳон

Имрӯз (якшанбе) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ номгузорӣ шудааст.

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад бин Баҳодуддин Ҳофизи Шерозӣ (727 - 792 - қарни чаҳордаҳум) шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. 

Муҳаммад Баҳоуддин чун Қуръонро ҳифз буд, ба Ҳофиз мулаққаб шуд. Худи ӯ дар шеърҳояш ба ин реша амиқ ишора кардааст: " Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз, Ба Қуръоне ки андар сина дорӣ".

Девони Ҳофизи Шерозӣ шомили 500 ғазал ва теъдодн рубоӣ ва қитъаву қасида аст. 

Нусхаҳои хаттии ашъори Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷуд аст. 

Тарҷумаҳои девони Ҳофизи Шерозӣ дар саросари ҷаҳон мавҷуд аст ва шоирону мутафаккироне монанди Гёте ва Фридрих Ниче, шоирон ва мутафаккирони олмонӣ аз вай ба некӣ ёд карда ва таҳти таъсири ашъори ӯ қарор гирифтаанд. 

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад бин Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ дар 65 солагӣ аз дунё рафт аммо номи ӯ ва ёду ашъори ӯ дар дилу ҷони ҳамаи аҳли адаби ҷаҳон, ба вижа форсизабонон то ҳамеша боқӣ аст.