Корона ҷони 272 эронии дигарро гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58269-Корона_ҷони_272_эронии_дигарро_гирифт
272 нафар аз беморони мубтало ба корона дар Эрон дар 24 соати гузашта ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2020 14:23 Asia/Dushanbe
  • Беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон  шиносоӣ шуданд
    Беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд

272 нафар аз беморони мубтало ба корона дар Эрон дар 24 соати гузашта ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон; дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 206 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 63 нафар бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 504 ҳазору 281 нафар расидааст.

Ҳамчунин бо ҷон бохтани 272 бемори мубтало ба корона дар шабонарӯзи гузашта, шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 28 ҳазору 816 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 409 ҳазору 121 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.