Ваксинаи эронии корона ба марҳилаи озмоиши инсонӣ расид
(last modified Tue, 13 Oct 2020 10:08:44 GMT )
Октябр 13, 2020 15:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳрим дар ҳангоми ҳамагирии беморӣ нишонаи наслкушӣ аст
    Таҳрим дар ҳангоми ҳамагирии беморӣ нишонаи наслкушӣ аст

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз оғози озмоиши инсонии ваксинаи эронии корона дар се ҳафтаи оянда хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; «Саид Намакӣ» вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар шасту ҳафтумин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи баҳри Миёназамини шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки ба сурати видеоконференсия баргузор шуд бо ишора ба натоиҷи мусбати озмоиши ҳайвонии ваксини коронаии тавлиди Эрон афзуд: ба зудӣ озмоиши ин ваксина рӯи намунаи инсонӣ ҳам оғоз мешавад .
Намакӣ афзуд : таҳримҳои золимонаи Амрико  мушкилоти  зиёдиро барои таъмини доруҳои корона эҷод кард, ҳарчанд ин доруҳо ҳамакнун дар Эрон тавлид мешавад ва ҳафт  гурӯҳи таҳқиқотии Эронӣ ҳам рӯй тавлиди ваксинаи корона кор мекунанд .
Вай таъкид кард: таҳримҳои ғайриқонунӣ  ва иқдомоти қаҳромез ба вижа дар ҳангоми ҳамагирии як беморӣ нишонае аз наслкушӣ аст .
Вазири беҳдошти Эрон ёдовар шуд, ки бархе кишварҳо, мушкилоти зиёде барои воридоти ваксини грипп барои Эрон эҷод карданд ва ба ҷуз  афзоиши қиммат, мавонеъе барои воридоти ин ваксина вуҷуд дорад .
 Намакӣ ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сойири созмонҳои минтақа ва ҷаҳонӣ дархост кард бо ҳамкории ҳамаҷонибаи муассир, ба таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба поён дода ва итмоми сариъи бемории ҳамагири Ковид - 19-ро тазмин кунанд .