Октябр 15, 2020 16:00 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад расулуллоҳ (с)
    Муҳаммад расулуллоҳ (с)

Дар остонаи 28 сафар, солрӯзи вафоти паёмбари акрам (с) ҳадисе аз эшонро, ки марҳум устод Муҷтаҳидии Теҳронӣ шарҳ додаанд, тақдим мекунем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, паёмбари раҳмат ҳазрати Муҳамади Мустафо (с) фармуданд: “Ман ба хотири панҷ хислат кӯдаконро дӯст медорам:

Аввал: кӯдакон зиёд гиря мекунанд.

Паёмбари Худо фармуданд: “Оре, Худованд бандагонеро, ки ашк мерезанду гиря мекунанд, дӯст дорад”.

Дувум: кӯдакон бо хок бозӣ мекунанд.

Паёмбари Худо фармуданд: “Ман кӯдаконро дӯст дорам, барои ин ки онҳо такаббур надоранд, бо хок бозӣ мекунанд ва рӯйи он ме‌ағалтанд”.

Севум: кӯдакон даъво мекунанд, аммо кина надоранд.

Паёмбари Худо фармуданд: “Даъво кардани кӯдакон ҳамроҳ бо кина нест. кӯдакон ҳамон тавр, ки зуд қаҳр мекунанд, зуд ҳам оштӣ мекунанд ва аз якдигар кина ба дил намегиранд”.

Чаҳорум: кӯдакон чизе барои фардо захира намекунанд.

Кӯдакон имрӯз ҳар чӣ доранд мехуранд ва аслан намегӯянд, каме аз онро барои фардо бигузорем, аммо бузургтарҳо ин гӯна нестанд ва доим ба фикр фардоянд”.

Панҷум: кӯдакон месозанд ва сипас хароб мекунанд.  

Паёмбари Худо фармуданд: “Кӯдакон ба он чӣ месозанд дилбастагӣ надоранд, аммо бузургтарҳо ба он чӣ дар ин дунё ба даст меоваранд, дил мебанданд.