Октябр 22, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Эрон муқобили таҳримҳо

Устоди донишгоҳ дар Русия таъкид кард, ки бо вуҷуди фишори таҳримҳои Вашингтон, умед ба зиндагӣ дар Эрон ҳифз шуда ва ин фишорҳо таъсири чандоне бар зиндагии мардуми ин кишвар надоштааст.

Ба гузориши ИРНА, Александр Кузнецов, устоди Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав, ки ба вазорати умури хориҷаи Русия марбут аст, рӯзи панҷшанбе дар як матлаб дар вебсайти Шӯрои умури байналмилалӣ навиштааст: Эрониҳо бо вуҷуди фишори таҳримҳои золимонаи Амрико, дидгоҳи мусбате дар мавриди оянда ва пешрафту тараққии кишварашон доранд .
 Кузнецов дар ин мақолаи афзуд: аксарияти мардуми Эрон  ҳамчунон ба арзишҳои маънавӣ ва руҳонӣ тавваҷӯҳ доранд ва бо вуҷуди фишори таҳримҳои Амрико, ба низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон эътимод доранд ва ба меъёрҳои дини ислом пойбанд ҳастанд.

 бештар бихонед :

Амрико чаро аз поёни таҳрими таслиҳотии Эрон нигарон аст?


Амрико, баъд аз хуруҷи ғайриқонӯнӣ аз Барҷом ( 8 май 2018 ) корзории ҳамаҷониба барои аъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

 Вашингтон пештар эълом кард, ҳадаф аз « корзори фишори ҳаддиаксарӣ » алайҳи Эрон, расидан ба тавофуқе ҷадид бо Теҳрон аст, ки дар он ба ҳамаи масоили мавриди назари Амрико пардохта шавад .
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақши асосӣ дар муқобила бо тутеаҳо ва иқдомоти меҳвари Амрикоӣ - саҳюнистӣ дар минтақа дорад .

Барчасп