Ҳушдори шадиди сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Арманистон ва Озарбойҷон
Сухангӯи аршади ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард, Теҳрон ҳеч гӯна хатову таҳдид дар марзҳои муштараки Эрон бо Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳаммул намекунад ва бо ҳар навъ таҷовузу таҳдид бархурд хоҳад кард.
Ба гузориши ИРНА, сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ гуфт: Даргириҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар хусуси минтақаи Қарабоғ ва риоят накардани қавоиди байналмилалии ҳусни ҳамҷаворӣ ва масолеҳи ҷангӣ дар марзи кишвари севум, мунҷар ба шиллик ва исобати гулӯлаҳои хумпора ба дохили манотиқи сарзаминии Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст.
Сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Риояти ҳусни ҳамсоягӣ ва сабурии Эрони исломӣ бо кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон набояд мавриди сӯиистифода қарор гирад ва ду кишвар набояд ба хутути қирмизи Эрон вуруд кунанд, дар ғайри ин сурат қатъан пушаймонӣ ба дунбол хоҳад дошт.
Сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ афзуд: Амнияти манотиқи марзӣ ва мардуми Эрон, хати қирмизи мост ва дар ин робита ба ҳар ду кишвари даргир ёдовар мешавем, ки муроқиби оташафрӯзӣ ва шайтанатҳои бегонагон бошанд.
Мушкилоти дуҷонибаро аз тариқи мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд ва бо бедиққатӣ дар амалиёти низомии худ, марзҳои сарзаминӣ ва амнияту осоиши мардуми Эронро ба мухотира наандозанд.
Аз оғози даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ то кунун даҳҳо гулӯла хумпора ва ракета ба рустоҳои марзии Эрон исобат ва хисороте ба марзнишинҳои эронӣ ворид кардааст.
Бештар бихонед:
- Беш аз 70 ракетаи ҷангии Қарабоғ дар Эрон фуруд омад
- Ракетаҳои даргирии Озарбойҷону Арманистон дар Эрон фуруд меоянд
- Ҳушдори Эрон ба Озарбойҷон ва Арманистон
- Омодагии Эрон барои кумак ба коҳиши таниш миёни Арманистону Озарбойҷон