Солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасан Аскарӣ (а)-ро тасаллият мегӯем
Якшанбе ҳаштуми рабиул -аввал соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар бо 25 октябри 2020 солрӯзи шаҳодати Имом Ҳасан Аскарӣ (а) аст.
Ҳаштуми рабиул-аввали соли 260 ҳиҷрӣ-қамарӣ, Имом Ҳасан Аскарӣ (а) аз набераҳои поки Расули гиромии ислом (с) дар шаҳри Сомиро дар шимоли Ироқ ба шаҳодат раиданд.
Падари гиромии Имом Ҳасан Аскарӣ (а), Ҳазрат Имом Ҳодӣ (а) ва модари он бузургвор, зани донишманд, бофазилат ва хайрхоҳ буд.
Имом Ҳасан Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар, раҳбарии динии ҷомеаи исломро ба ӯҳда гирифтанд.
Ин имоми бузургвор дар мактаби илму дониши худ андешамандони бофазилатеро тарбият карданд, ки ҳар кадом бо навиштани китобҳои арзишманд дар заминаҳои мухталифи улуми исломӣ, ба густариши маорифи исломӣ хидмати бисёр карданд.
Радиои тоҷикӣ ва сойти Порстудейи тоҷикӣ фарорасии солрӯзи шаҳодати Ҳазрат Имом Ҳасан Аскарӣ (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти Пайғамбар (с) ва озодихоҳони ҷаҳон тасаллият мегӯяд.