Содироти 180 миллион доларии коло аз марзи Меҳрони Эрон ба Ироқ
(last modified Sun, 25 Oct 2020 14:23:58 GMT )
Октябр 25, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Эрон 183 миллион доллар коло аз марзи Меҳрон ба Ироқ дар шаш моҳи гузашта содир кардааст
    Эрон 183 миллион доллар коло аз марзи Меҳрон ба Ироқ дар шаш моҳи гузашта содир кардааст

Мудиркулли гумруки остони Илам, ғарби Эрон, аз содироти 183 миллион долларии коло аз марзи Меҳрон ба Ироқ дар шаш моҳи гузашта хабар дод.

"Руҳуллоҳи Ғуломӣ"  мудирикулли гумрукоти Иломи Эрон рӯзи якшанбе гуфт, бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳои эъмолшуда дар марзи Меҳрон ба далели бемории корона, 183 миллион доллар коло аз марзи Меҳрон ба Ироқ содир шудааст.

Ғуломӣ бо баёни ин ки ин мизони содирот дар 40 рӯзи фаъол будани ин марз анҷом шудааст, афзуд: дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна монеъ бар сари роҳи содироти коло дар марзи Меҳрон вуҷуд надорад.

Меҳрон яке аз аввалин марзҳое буд, ки пас аз шуюъи корона фаъолияташ мутаваққиф шуд.

 

Шаҳри марзии Меҳрон дар ҷанубу ғарби Илам бо марзи байналмилалии худ муҳимтарин ва роҳи асосии мошинҳои хусусӣ, мошинҳои боркаши молҳои содиротӣ ва мошинҳое мебошад, ки ҳоҷиёнро ба Ироқ мебаранд.


 Бештар бихонед :