337 бемори коронаии дигар дар Эрон ҷон бохтанд
Октябр 26, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
Бемории корона дар 24 соати гузашта дар Эрон ҷони 337 нафарро гирифт.
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон эълом кард: дар 24 соати гузашта, 5 ҳазору 960 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 135 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 574 ҳазору 856 нафар расидааст.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 32 ҳазору 953 нафар расидааст.
Токунун 459 ҳазору 250 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед :