Октябр 27, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико ба таҳрим муътод аст
    Зариф: Амрико ба таҳрим муътод аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори твитте ба таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи Теҳрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; Муҳаммадҷаводи Зарифи- вазири умури хориҷаи Эрон дар ин твитт афзуд: Раберт Обройен- мушовири амнияти миллии Амрико пазируфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз тавоноии таҳримии худ барои таҳмили дарди бештар ба мардуми Эрон беш аз ҳад истифода кардааст.

Вай идома дод: Замони он фарорасида, ки Иёлоти Муттаҳида эътироф кунад, ки ин кишвар " муътоди таҳрим " аст.

Зариф таъкид кард: Ин одатро аз худ дур кунед. Ҷанги иқтисодӣ бештар алайҳи Эрон барои Иёлоти Муттаҳида, нуфузи камтар ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи душанбе, Вазорати нафти Эрон, созмонҳои муртабит бо он, Бежани Номдори Зангина- вазири нафт ва чанд шахси дигари муртабит бо Вазорати нафти Эронро дар рӯйхатти таҳримҳои худ қарор дод.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ ( 8 май 2018 ) корзории ҳамаҷониба барои иҷрои фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп