Эҳзори кордори Фаронса ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
(last modified Tue, 27 Oct 2020 09:24:14 GMT )
Октябр 27, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари аслом (с) маҳкум аст
    ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари аслом (с) маҳкум аст

Дар эътироз ба исрори мақомоти фаронсавӣ ба ҳимоят аз интишори карикатураҳои иҳонатомез ба соҳати паёмбари аслом (с ) кордори муваққати Фаронса дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Идораи кулли итилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Эрон, « Флўрон Ойдолу»- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон дар ғиёби сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд то эътирози Эрон ба рафтори ахири мақомоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз иҳонаткунандагон ба муқаддасоти исломӣ ба вай иблоғ шавад.

Муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард: Ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фарду дар ҳар мақоме ба шиддат маҳкум ва мардуд аст.

 Ислом навидбахши ақлгароӣ ва сулҳ аст

Ин дипломати эронӣ афзуд: Вокуниши нобихирадонаи мақомоти фаронсавӣ ба иқдоми ифротгароёнае, ки ба номи ислом хушунат мекунанд, танҳо заминаро барои рушди гароишҳои инҳирофӣ ва беиртибот бо ин дини илоҳӣ, ки ҳамвора навидбахши ақлгароӣ, сулҳу адолатталабӣ аст, фароҳам мекунад.

Муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Доман задан ба исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ он ҳам ба номи озодии баён, ки бояд дар хизмати тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни ҷомеъаҳои башарӣ бошад, амиқан мояи таассуф аст.

Флурон Ойдолу- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон низ гуфт: Эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти давлати Фаронса дар ин хусусро дар асраъи вақт ба мақомоти кишвараш инъикос  медиҳад.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса низ дар изҳороти дур аз урфи дипломатик ва мабонии демокрасӣ эълом кард: Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳои тавҳиномез зидди расули ислом (с) идома хоҳад дод.

Бештар бихонед: