Суханронии Зариф дар солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид; Баёни бимҳо ва умедҳо
(last modified Tue, 27 Oct 2020 09:48:09 GMT )
Октябр 27, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Нокоромад шудани Созмони милал дар суханони Зариф
    Нокоромад шудани Созмони милал дар суханони Зариф

Созмони Милали Муттаҳид 75 сол пеш бо ҳадафи дугона барои ҳифз ва таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва ҳамвор кардани ҳамкориҳои бештари кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ таҳия ва таъсис ёфтааст, аммо он ҳанӯз ҳам бо саволе рӯбарӯ аст, ки оё ин ниҳод тавонистааст корномаи матлубе аз худ бар ҷой бигузорад?

 Дар посух ба ин савол, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, рӯзи душанбе дар 75-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид, пас аз ду ҷанги даҳшатнок нақши Созмони Милалро дар барқарории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ баррасӣ кард: Тибқи як таҳқиқот Аҷиб аст, ки аз соли 2001, "Соли муколамаи тамаддунҳои Созмони Милали Муттаҳид", дар натиҷаи "ҷангҳои абадӣ" -и Иёлоти Муттаҳида 37 миллион нафар овора шуданд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ба ҳашт ҷанги хушунатомез, ки Иёлоти муттаҳида аз соли 2001 оғоз карда ё ба онҳо пайвастааст ; таҳти унвони " ҷанг алайҳи тероризм" ишора кард ва аз ин воқеъияти талх низ сухан гуфт, ки ин ҷангҳо мунҷар ба аз даст додани садҳо ҳазор ҷони бегуноҳ, гусастагии теъдоди бешуморе аз ҷавомеъ ва хонаводаҳо, нокомӣ ва шикасти давлатҳо ва ифротгароӣ бесобиқа шудааст

Нокоромадии Созмони милал дар суханони Зариф

Суханони Зариф дар ин замина ишора ба ду нуктаи муҳим дорад, ки дар нокоромад шудани нақши Созмони милал таъсири бештаре доштааст:

нуктаи нахуст ; нуқсонҳо ва костиҳое аст, ки аз ҳамон ибтидо домангири сохтори ин созмон шуд. Масоиле монанди ҳаққи Вето ва инҳисоргароӣ дар ин костиҳо нақш дорад.

Мурод Анодӣ; коршиноси масоили байналмилалӣ яке аз решаҳои аслии ин инфиъолро муқаррароти фасли панҷуми Милали муттаҳид медонад, ки марбут ба Шӯрои Амният ба вижа модаи 27 он аст, ки аъзои доими Шӯрои амният аз ҳаққи вето бархӯрдор ҳастанд. Вай тасреҳ мекунад; ин омил мӯҷиб шуд як ихтиёроти вижа ба аъзое доим дода шавад ва аз ин фурсат истифода кунанд ва амалан монеъи муваффақияти Созмони милал шаванд.

Нуктаи дувум; сиёсӣ шудани арқони  ин созмон ва таъсирпазирӣ аз фишорҳо ва мудохилоти хориҷ аз салоҳияти Амрико бар ин ниҳод аст, ки бар асари канор омадани ҷомеаи байналмилал; боиси рушди зӯроварии Амрико шудааст.

Ишғоли Афғонистон ва пас аз он ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 ба баҳонаи мубориза бо тероризм ва силоҳҳои куштори ҷамъии ду дуруғи бузурги Амрико буд, ки ҳеч гунаи пуштвонаи  қонунӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ надошт. Амрико бо шурӯи ҷанги пешдастона дар воқеъ Созмони милалро давр зад.

Чолишҳои ҷиддии Созмони милали масъалаи имрӯз низ ин аст, ки бурузи муаллифаҳои ҷадиде монанди ташдиди якҷонибагароӣ ва сӯистифода аз абзори таҳрим  дар арсаи  низоми байналмилал, нақши ин созмонро ба ҷиҳати интибоқ бо шароити кунунӣ бо чолишҳои ҷиддитаре мувоҷеҳ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ббаёни дақиқтари ин воқеъият тасреҳ кард; чигуна метавон қудратеро маҳор кард, ки беш аз 220 маврид аз кулли 244 соли торихи худро дар ҷанг гузарондааст; аз ҷанг алайҳи бумёни худ, ҷанг алайҳи ҷамъияти бардаи он, ки бо бераҳмии шадид идома дораду 39 даргирии низомӣ ва аз тақрибан 120 ҷанги иқтисодӣ аз соли 1945 мелодӣ, ки ба таври фарибанда "таҳрим " номида мешавад. Бо тавваҷӯҳи ҳамаи ин муаллафаҳо ва далоил аст, ки раиси дастгоҳи дипломатии Эрон лузуми тағири рўйкардҳоро ёдовар шуд ва гуфт: вақти тағйири равиш аст. Хун ва сарвати Амрикоиҳо ва дунёро аз бадбахтии бештар наҷот диҳед.


 Бештар бихонед:

Суханронии тасвирии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид