Октябр 28, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  •  Қолибоф дар паи гирифторӣ ба корона карантина шуда аст
    Қолибоф дар паи гирифторӣ ба корона карантина шуда аст

Раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон аз гирифтории худ ба бемории корона хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳамадбоқир Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯроии исломии Эрон субҳи имрӯз( чаҳоршанбе) дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер аз мусбат шудани озмоишаш ба корона хабар дод ва эълом кард, ки феълан дар карантина ба сар мебарад .

 Бар асоси охирин омори вазорати беҳдошти Эрон то кунун ҳудуди 582 ҳазор нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд. ки аз ин теъдод беш аз 463 ҳазору 600 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

бештар бихонед: