Октябр 13, 2016 14:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири иқтисоди Эрон бо раиси Сандуқи байналмилалии пул

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон, афзоиши рушди иқтисодӣ ва коҳиши таваррумро аз дастовардҳои иқтисодии давлати ёздаҳуми Эрон эълом кард.

Алии Тайибниё- Вазир умури иқтисодӣ ва дороии Эрон дар дидор бо Кристин Лагард- раиси Сандуқи байналмилалии пул, дар ҳошияи иҷлоси солонаи Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон афзуд, субот дар бозори арз, густариши фазои ором ва итминонбахши иқтисодӣ аз дигар дастовардҳои иқтисоди калони Эрон дар қолаби иқтисоди муқоваматӣ, тайи як соли гузашта будааст.

Вай ҳамчунин талошҳои давлати Эрон дар бозпардохти қарзҳо ба шабакаи бонкӣ ва бахши хусусӣ аз тариқи интишори авроқи баҳодор ва асноди хизонаи исломӣ, таъмини касри буҷаи давлат, иҷроӣ кардани тарҳи ислоҳи низоми бонкӣ дар ҷиҳати тақвияти низоми бонкиро ёдоварӣ кард.

Алии Тайибниё бо ишора ба собиқаи тасвиби қавонин ва муқаррароти марбут ба мубориза бо пулшуӣ ва таъмини молии терроризм дар Эрон, нисбат ба иҷроӣ кардани он дар Эрон тавзеҳоте ироа кард.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул, ҳам бо ибрози хурсандӣ аз дастовардҳои Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ, гуфт, бахшҳои зирабти ин сандуқ ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо Эрон дар ироаи кумакҳои фаннӣ ва омӯзишӣ дар заминаҳои бонкӣ, пулӣ, арзӣ ва молиётӣ идома медиҳанд.

Алии Тайбниё- Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон барои ширкат дар иҷлос солонаи Бонк Ҷаҳонӣ панҷшанбе гузашта, дар садри ҳайате озими Вашингтон шуд.