Дастгирии Ҳабиб Каъбӣ яке дигар аз саркардагони гуруҳаки террорист ва ҷинояткор
Бо талоши нерӯҳои Вазорати иттилооти Эрон то кунун шуморе аз саркардагон ва унсурҳои фаъоли террорист дар кишварҳои мухталиф шиносоӣ ва дар табодули иттилооте бо сервиси иттилоотии кишварҳои дӯст, дастгир ва ба Эрон бозгардонда шудаанд.
Дар ҳамин иртибот бархе расонаҳо субҳи рӯзи шанбе аз боздошти Ҳабиб Каъбӣ машҳур ба Ҳабиб Асивад, аз саркардагони гуруҳи террористии Ал-Аҳвозия ва тарроҳи аслии ҳамла ба маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Аҳвоз хабар доданд.
Террористҳои маздури ин гуруҳак дар 22 сентябри 2018 дар ҳошияи баргузарии ойини режаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Аҳвоз, ба самти мардум тирпаронӣ карданд, ки бар асари ин ҳамла, 25 нафар шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба ин иқдоми террористӣ, қароргоҳи саркардагони ин ҷиноятро дар шарқи Фурот бо чанд фарванд мушаки болистики замин ба замин ҳадаф қарор дод, ки шумори зиёде аз террористҳои такфирӣ ва саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз дар ин ҳамлаи мушакӣ ба ҳалокат расиданд.
Гуруҳаки террористии мавсум ба Ал-Аҳвозия дар соли 1999 аз сӯи бархе афроди муртабит бо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс дар Аврупо эъломи мавҷудият кард ва мақари аслии ин гуруҳак дар Лондон қарор дорад. Ин гуруҳаки террористӣ ҳамчунин дар кишварҳои Миср, Имороту Арабистон низ иқдом ба таъсиси шуъба кардааст.
Барномаҳои Ал-Аҳвозия барои ноамн кардани Аҳвоз
Гуруҳаки террористии Ал-Аҳвозия, ки дар солҳои ахир барномарезиҳои мутаъаддиде барои ноамн кардани Аҳвозро ба иҷро гузошт, дар ҷараёни эътирозоти мардумӣ низ нақши муҳиме дар ба хушунат кашидани ин эътирозот дошт, то ба заъми худ заминаи ошубҳои қавмиро фароҳам кунад.
Бомбгузорӣ дар Созмони мудирият ва барномарезӣ, Созмони маскан ва шаҳрсозӣ, ширкати тарҳи тавсеъаи найшакари Хузистон ва таркиши хутути интиқоли нафт аз дигар иқдомоти террористие аст, ки ба дасти аносури ин гуруҳак анҷом шудааст.
Афроди ин гуруҳи нажодпараст ва террорист эътиқод доранд, ки бояд муборизаи мусаллаҳона то нобудии форсҳо (ғайри арабҳо) ва озодии Арабистон (вилоятҳои Хузистон, Бушеҳр ва Ҳурмузгон ва ҷазирахоҳи Халиҷи Форс) бераҳмона идома дошта бошад. Ҷазираҳои сегонаи Абумусо ва Тунбро низ бахше аз хоки аъроб медонанд ва илова бар он дар нақшаҳои худ унвони Халиҷи Арабиро ба ҷои Халиҷи Форс баргузидаанд.
Қароргоҳи ҳастаи аслии гуруҳаки террористии Ал-Аҳвозия
Ҳастаи аслии гуруҳаки террористии Ал-Аҳвозия ҳамчун бисёре аз гуруҳакҳои террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ қарор дорад ва саркардагони ин гуруҳак солҳост дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Нидерланд, Дания ва Англис се кишвар аврупоӣ ҳастанд, ки солҳост аз саркардагони гуруҳаки террористӣ мизбонӣ мекунанд. Дар октябри 2017 Стив Кинг, узви ҷумҳурихоҳ, ки равобити наздике бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар дорад бо Карим Абдён банӣ Саид, аз сарони ин гуруҳаки террористӣ дар Вашингтон дидор кард.
Дар сентябри 2017 низ яке аз аъзои ин гуруҳаки террористӣ бо номи Муно Силовӣ дар ҳошияи Иҷлоси комисарияи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳида дар Женева ба эроди суханронӣ ва иттиҳомпароканӣ алайҳи Эрон пардохт.
Ин террорист ва ҷинояткори байналмиллалӣ, ки муддатҳо таҳти таъқиб қарор дошт, бо ҳимояти кишварҳои аврупоӣ ва адами ҳамкории онон барои боздошт ва истирдоди вай ба Эрон, озодона машғули фаъолият буд; аммо дар ниҳоят бо ҳамоҳангиҳои суратгирифта аз сӯи дастгоҳи қазоӣ бо бархе кишварҳо, ин террористи ҷинояткор дастгир ва ба Эрон мунтақил шудааст.
Эрон то кунун бо иқдомоти террористӣ ва тавтеъаҳои зиёде мувоҷеҳ шудааст. Тавтеъаҳое, ки мустақиман аз сӯи созмонҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ ва Амрико ва Аврупо тарроҳӣ шудаанд. Нерӯҳои иттилоотии кишвар ва ҳамчунин нерӯҳои қудратманди сипоҳ ва артиш, ки аз марзҳои Эрон дар ҳар замоне муҳофизат кардаанд; садди муҳкам дар муқобили нуфузи гуруҳҳои террористӣ дар минтақа ҳастанд ва бо иқдомоти қотеъона, бисёре аз тавтеъаҳо ва таҳаррукоти гуруҳҳои террорист ва унсури нуфузиро хунсо кардаанд .
Пеш аз ин дастгоҳи иттилоотӣ ва амниятии Эрон бо иҷрои муваффақи амалиёти печидае монанди дастгирии Абдулмолики Ригӣ, аз саркардагони гуруҳҳои террористии шарқи Эрон; тавонмандии худро дар таъқиб ва дастгирӣ ва таслими ҷинояткорон ба мароҷеъи қазоӣ барои муҳокима ва муҷозот нишон додааст.
Бештар бихонед:
-
Раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Аҳвозия" боздошт ва ба Эрон интиқол дода шуд
-
Маросими бошукӯҳи баргузории намози ҷанозаи пайкари шаҳидони ҳамлаи террористии Аҳвоз+видео