Истиқболи мақоми рус аз тарҳи Эрон дар бораи "Муноқишаи Қарабоғ"
(last modified Sun, 01 Nov 2020 12:41:21 GMT )
Ноябр 01, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мақоми рус аз тарҳи Эрон дар бораи \\\
    Истиқболи мақоми рус аз тарҳи Эрон дар бораи \\\"Муноқишаи Қарабоғ\\\"

Узви Шӯрои равобити байни ақвоми Русия таъкид кард, тарҳи Эрон барои ҳалли "Муноқишаи Қарабоғ" фурсати воқеӣ барои ҳаллу фасли мусолиматомези ин бӯҳрон ба вуҷуд меоварад.

 «Исмоил Шаъбонов» узви шӯрои равобити байни ақвоми Русия, имрӯз якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо вазнин хондани тарҳи сулҳи Эрон барои поёни муноқишаи Қарабоғ гуфт: бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқи сокинони бумии Қарабоғ, ҳаллу фасли одилонаи ин муноқиша мумкин нест ва дар тарҳи Эрон ҳуқуқи сокинони маҳаллии Қарабоғ низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. 

Шаъбонов афзуд: Эрон ва Русия бояд ба ҳалли масъалаи Қарабоғ бипардозанд ва набояд ба кишвари солис иҷозаи вуруд ба ин масъаларо бидиҳанд.

Саид Аббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ҳафтаи гузашта дар чорчӯби талошҳои Эрон барои миёнҷигарӣ дар масъалаи Қарабоғ ва табйини тарҳи Теҳрон барои поёни ҷангу хунрезӣ дар ин минтақа ба кишварҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Арманистон ва Туркия сафар кард.

Муҳаммад Ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон низ гуфт : аз нукоти муҳими тарҳи Эрон ин аст, ки фақат марбут ба оташбаси муваққат нест, балки ҳаракат ба самти ҳаллу фасли даргириҳо аст.

Муноқиша миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ бори дигари аз 27 сентябри гузашта, бо гушудани оташ ба мавозеъи якдигар оғоз шуд.

Дар даври нави даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, инчунин чанд чархбол ва  ҳавопаймо аз Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нобуд карда шуданд.


Бештар бихонед: