Дидори Зариф бо Мадуро
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи дидор бо мақомоти венесуэлаӣ бо Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор кард.
Зариф ва Мадуро дар ин дидор дар хусуси абъоду масоили мухталифи равобити ду кишвар ва муҳимтарин масоили байналмилалии ройзанӣ ва табодули назар карданд.
Зариф пеш аз дидор бо Мадуро бо Делси Родригес, муовини раиси ҷумҳур ва Хорхе Арреаса, вазири хориҷаи Венесуэла ройзанӣ карда буд.
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нахустин мақсади сафараш ба 3 кишвари Венесуэла, Куба ва Боливия вориди Каракас, пойтахти Венесуэла шуд.
Зариф пас аз Венесуэла ба Куба ва Боливия сафар хоҳад кард.
Вазири хориҷаи Эрон қарор аст дар Боливия дар маросими савгандёдкунии Луис Арсе, раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар ширкат кунад.