Ноябр 08, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҷаҳон назоратгари раҳбарони ҷадиди Амрикост
    Зариф: Ҷаҳон назоратгари раҳбарони ҷадиди Амрикост

Дар посух ба эълони натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, вазири корҳои хориҷии Эрон даъват кард, ки ба зӯроварӣ аз ҷониби роҳбарони кишвар хотима дода, ба бисёрҷонибагароӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба қонун баргардонида шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф рӯзи якшанбе дар Твиттер бо ишора ба ин ки мардуми Амрико ҳарфи худро заданд ва назарашонро гуфтанд, навишт: "Ҷаҳон дар ҳоли назора аст, ки оё раҳбарони ҷадиди Амрико равиши мухарриби зидди қонун ва зӯргӯии режими рӯ ба поёни Амрикоро раҳо хоҳанд кард ва чандҷонибагароӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба қонунро дар пеш хоҳанд гирифт.

Зариф изҳор дошт: "Шаъну шараф, манфиатҳои миллӣ ва дипломатияи масъул таърихи возеҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд."

Расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла "Си Эн Эн, ФоксНюз, Си Би Си, Асошиэйтед Пресс ва  Ню-Йорк Таймз шоми шанбе (7 ноябр) эълом доштанд, ки Ҷо Байден 290 овози интихобиро ба даст оварда, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ӯро пирӯз муаррифӣ карданд.

Барчасп