Ноябр 09, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои хориҷии Эрон бори дигар ба ҳамсоягон паёми дӯстӣ фиристод
    Вазири корҳои хориҷии Эрон бори дигар ба ҳамсоягон паёми дӯстӣ фиристод

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба ҳамсоягон, сохти ояндаи беҳтарро дар канори якдигар хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф бомдоди Душанбе дар саҳифаи Твиттери худ дар паёме ба кишварҳои ҳамсоя навишт: "Паёме содиқона ба ҳамсоягонамон: Доналд Трамп 70 рӯзи дигар меравад, аммо мо ҳамеша ин ҷо мемонем."

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёми худ афзудааст: "Гарав гузоштан ба хориҷиён барои амнияти минтақа ҳеҷ гоҳ қимори хуб нест." 

 

Зариф таъкид кард: "Мо дасти худро ба ҳамсоягонамон барои гуфтугӯ барои ҳалли баҳсҳо дароз мекунем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ояндаи беҳтарро барои ҳама созем."

Қаблан вазири умури хориҷаи Эрон дар як Твитти дигар ба забони арабӣ низ чунин паёмро ба ҳамсоягони Эрон фиристода буд.

Дар тӯли чаҳор соли кораш дар Кохи Сафед, Доналд Трамп бо кӯшиши режими саҳюнистӣ ва баъзе ҳампаймонҳои арабиаш талош кард, ки як эътилофи зиддиэронӣ ташкил кунад, аммо муваффақ нашуд.

 

  Бештар бихонед:

Барчасп