Муаррифии "Подшоҳи мусиқии Тоҷикистон" дар шабакаи телевизионии эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58956
Шабакаи телевизионии эронии iFilm яке аз барномаҳои худро ба муаррифии Устод Ҷӯрабек Муродов бахшидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 09, 2020 16:33 Asia/Dushanbe

Шабакаи телевизионии эронии iFilm яке аз барномаҳои худро ба муаррифии Устод Ҷӯрабек Муродов бахшидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, барномаи "Панҷараи  iFilm " ба баёни ҷанбаҳои ҳаёти шахсӣ ва касбии устод Ҷӯрабек Муродов ба унвони подшоҳи мусиқии Тоҷикистон пардохт.

Шабакаи телевизионии эронии Ай-Филм 2 барои мухотабони тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ барнома пахш мекунад.

Барномаи панҷараи Ай-Филм 2 рӯзҳои якшанбе ,сешанбе,панҷшанбе ва ҷумъа соати 20:45 ба вақти Кобул, 19:45 ба вақти Теҳрон ва 21:15 дақиқа ба вақти Тоҷикистон аз ин шабака пахш мешавад.

 

Бештар бихонед: