Хурсандии Эрон аз ҳалли муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон
(last modified Tue, 10 Nov 2020 15:04:16 GMT )
Ноябр 10, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Эрон дар нишасти сарони Шанхай аз поён ёфтани муноқишаи Қарабоғ ибрози хурсандӣ кард
    Раиси ҷумҳурии Эрон дар нишасти сарони Шанхай аз поён ёфтани муноқишаи Қарабоғ ибрози хурсандӣ кард

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай аз тавофуқи Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳимояти Русия, барои поён додан ба даргириҳои низомӣ ибрози хурсандӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия баргузор шуд, бо ибрози хурсандӣ аз тасмими ахири мақомоти Боку ва Ереван барои поён додан ба даргириҳои низомӣ ва шурӯи фароянди ҳаллу фасли дипломатии муноқишаи Қарабоғ ёдовар шуд: “Эрон аз ҳар талоше барои коҳиши танишу ихтилофот ва барқарории субот, амният ва сулҳи пойдору одилона дар минтақа истиқбол мекунад”.

Рӯҳонии афзуд, Эрон ба ҳамкорӣ бо шарикони худ ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои муқобилаи муассир бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳад дод.

Раиси ҷумҳурии Эрон ба сиёсати усулии Теҳрон дар тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҷоди эътимоду гуфтугӯ бо ҳамсоягон низ ишора карду гуфт: “Эрон ба унвони яке аз шоҳроҳҳои васлкунанда дар ғарби Осиё, қодир ба таъмини ниёзҳои зербиноии бисёре аз кишварҳои минтақа ва аъзои СҲШ аст”.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ифтитоҳи роҳи оҳани Хофи Эрон - Ҳироти Афғонистон ҳам дар рӯзҳои оянда ҳадяву кумаки бисёр арзишманде ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастрасии камҳазина ба обҳои озод ва Аврупо ва бозори Эрону кишварҳои минтақа аст.

Бештар бихонед: