Ноябр 12, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • 457 нафар гирифтори вируси корона дар Эрон фавтиданд.
    457 нафар гирифтори вируси корона дар Эрон фавтиданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 11 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 457 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо содот Лорӣ рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 11 ҳазору 517 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 3 ҳазору 149 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмуи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 726 ҳазору 585 нафар расидааст афзуд: Мутаассифона дар 24 соати гузашта  457 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи қурбониёни корона дар ин кишвар низ ба 40  ҳазору 121 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 541 ҳазору 566 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 53 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 290 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 36 миллиону 745 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико ҳамчунон бо ҳудуди 11 миллион мубтало ба вируси корона ва беш аз 247 ҳазор қурбонӣ , бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп