Ноябр 13, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳавопаймоии “АэроФлот”-и Русия аз 18 ноябр парвозҳои Маскав - Теҳронро оғоз мекунад
    Ширкати ҳавопаймоии “АэроФлот”-и Русия аз 18 ноябр парвозҳои Маскав - Теҳронро оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “АэроФлот” –и Русия парвозҳои мустақими Теҳрон - Маскавро аз 18 ноябр аз сар мегирад.

Ба гузориши ИРНА, нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии “АэроФлот”-и Русия аз чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда аз фурӯдгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон ба мақсади фурӯдгоҳи байналмилалии Шереметево (Sheremetyevo) -и Маскав анҷом мешавад.

Бар асоси ин гузориш, парвозҳои ширкати “АэроФлот” дар масири Маскав -Теҳрон ду рӯз дар ҳафта (якшанбе ва чаҳоршанбе) ва бо ҳавопаймои Сухои русӣ анҷом мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии “Моҳон”-и Эрон низ акнун панҷшанбеҳо парвози Теҳрон – Маскав ва баръаксро анҷом медиҳад.

Ширкатҳои “АэроФлот”-и Русия ва “Моҳон”-и Эрон бо тавваҷуҳ ба маҳдудиятҳои иҷрошуда бар асари густариши вируси корона, парвозҳои мусофирбарӣ байни Эрону Русияро анҷом медиҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп