Муҳаққиқони эронӣ дастгоҳи ҷавонкунии пӯстро таҳия кардаанд
-
Муҳаққиқони эронӣ дастгоҳи ҷавонкунии пӯстро таҳия кардаанд
Муҳаққиқони Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Эрон муваффақ ба тарроҳи ва сохти дастгоҳи ҷавонсозии пӯст шуданд, ки ба сурати ғайритаҳоҷумӣ амал мекунад.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Меҳр, Ҳония Маҳдиёни Мӯмин мудиромили як ширкати донишбунён дар порки илму фановарии Донишгоҳи Шаҳид биҳиштии Эрон бо баёни ин ки истифода аз "Эл Эй Ди" LED барои рафъи мушкилоти пӯстӣ ба тозагӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст гуфт: "Муҳаққиқони эронӣ як майдончаи ҷавонкунии пӯстро сохтаанд, ки дар он бо истифода аз нури камқуввати LED истифода мешавад, илова бар ин ки шароити дармони хонагӣ фароҳам мешавад, фардро аз муроҷиат ба пизишк барои ташхиси аввалия ва низ ташхиси раванди дармон бениёз мекунад.
Маҳдиёни Мӯмин бо баёни ин, ки ин нур ҳеч гуна на кӯтоҳмуддат ва на дарозмуддат хатарнок нест, илова намуд, ки усули дар ин дастгоҳ истифодашаванда дар муқоиса бо усулҳои ҷавонкунӣ, аз қабили ботокс, тазриқи гел ва тангии пӯст ғайритаҳоҷумӣ маҳсуб мешавад.
Бештар бихонед: