Аҳдоф ва аҳаммияти музокироти роҳбурдии Эрон ва Афғонистон дар муносиботи ду кишвар
-
музокироти роҳбурдии Эрон ва Афғонистон
Равобити Эрон ва Афғонистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя дар абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва фарҳангӣ аз аҳаммияти роҳбурдӣ бархӯрдор аст. Ин вижагӣ иқтизо мекунад, барномаи ҳадафманд ба манзури тавсеаи равобити ҳамаҷониба тадвин ва тасивиб шавад.
Дар ин чорчӯб мақомҳои Эрон ва Афғонистон аз чанд сол қабл музокироти ҷомееро дар хусуситадвини санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Афғонистон шуруъ кардаанд. Дар идомаи ин гуфтугӯҳо , панҷумин даври ин музокирот рӯзи якшанбе дар Теҳрон байни ҳайатҳои ду тараф ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ва Мирвайс Ноб, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон оғоз шуд. Ин гуфтугӯҳо имрӯз низ идома дорад.
Барои таҳияи ин санад панҷ кумита шомили кумитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, дифоӣ ва амниятии атбоъ ва об ташкил шудааст.
Ироқчӣ дар бораи аҳаммияти ин санад дар суханоне дар нишасти«чашмандози равобити Эрону Афғонистон, чолишҳо ва фурсатҳо», ки моҳи июли гузашта аз сӯи Институти мутолиоти стратегии Афғонистон дар Кобул баргузор шуд, таъкид кард."бинои ин санад, ки бахше аз санади ҷомеъ байни ду кишвар аст ин аст, ки сулҳ байни ду кишварро ба як амри доимӣ табдил кунад ва инки ду кишвар дар ҳечгӯна эътилоф, иттиҳод ва паймонӣ бо кишвари солис алайҳи кишвари тарафи муқобил ширкат накунанд. Дар ин санад бар мавзӯи муқобила бо терорризм ва ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид шудааст".
Хайруллоҳ Шафеъӣ, коршиноси масоили Афғонистон муътақид аст, ки Эрону Афғонистон ба далели муҷовират ва ҳамсоягӣ ба унвони аҷзои як система талаққӣ мешаванд ва бар якдигар таъсир мегузоранд.
Шафеъӣ бо ишора ба фурсатҳои иқтисодӣ байни ду кишвар, хотирнишон мекунад, Теҳрону Кобул метавонанд дар заминаҳои мухталиф мушорикатҳои роҳбурдӣ дошта бошанд ва дар ҷиҳати манофеъи мутақобил гом бардоранд.
Оё тавофуқи ҷомеъи роҳбурдӣ метавонад роҳгӯшои масоили байни ду кишвар бошад?
Фарогир будани мавзӯоти ин санад нишон медиҳад, ки тавофуқи ҷомеъи роҳбурдӣ метавонад роҳгӯшои бисёре аз масоил байни ду кишвар бошад. Афғонистону Эрон дорои таърихи муштарак ва равобити амиқи фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳастанд ва Эрон ба унвони кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон нақши муҳим ва таъсигузоре бар кумак ба барқарории сулҳ ва амният дар Афғонистон дорад. Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора эълом кардаанд, меҳвари талоши Эрон дар Афғонистон эҷоди субот, амният ва тавассути давлати Афғонистон дар дохили ин кишвар аст ва Теҳрон дар ин роҳ аз ҳеч талоше дареғ нахоҳад кард.
Баргузории музокироти ҳайатҳои Эрону Афғонистон барои ниҳоӣ кардани санади ҳамкории роҳбурдии ду кишвар дар ҳоле аст, ки Эрон дар иҷрои пружаҳои мутааддиди зерсохтӣ, роҳҳои иртиботӣ ва дастрасиҳои тиҷории ин кишвар мушорикати муассире доштааст. Баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Хоф – Ҳирот дар рӯзҳои оянда ва иттисоли роҳи оҳанҳои Эрону Афғонистон низ аз гомҳои муҳими дигаре аст, ки дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дорои аҳаммияти роҳбурдӣ аст. Дар маҷмӯ тайфи густардае аз тавофуқот дар ин санад мавриди таъкид қарор гирифта ва мавзӯоте монанди фароҳам кардани заминаи ҳузури қонӯнии атбои Афғонистон ва дастрасии онон ба бозори кори Эрон дар чорчӯби музокироти таҳияи санади ҷомеи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар, ҳоиз аҳаммият аст.
Ба ин далоил, дутараф барои суръат бахшидан ба гуфтугӯҳо ва ниҳоӣ кардани санади ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдӣ барои имзо тавассути раисони ҷумҳури ду кишвар ва иҷрои тавофуқот, иродаи муштараке доранд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
• Сухангӯи давлати Эрон: арзиши Афғонистон барои Эрон беш аз як ҳамсоя аст
• Абдуллоҳ Абдуллоҳ: мавозеи Эрон дар ҳимоят аз раванди сулҳ барои Афғонистон муҳим аст