Ноябр 18, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба беш аз 801 ҳазор нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба беш аз 801 ҳазор нафар расидааст

Фавти 480 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар Эрон шумори қурбониёни ин бемориро дар ин кишвар ба 42 ҳазору 941 нафар расонд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон дар 24 соати гузашта, 13 ҳазору 421 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ду ҳазору 837 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 801 ҳазору 894 нафар расидааст.

Ҳудуди 577 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд

Ҳамчунин то кунун 576 ҳазору 983 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ беш аз 56 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дастикам як миллиону 345 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 39 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп