Дастгоҳи нави ширкати эронӣ дар истихроҷи DNA аз оби даҳон
Порс тудей-Як ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ ба сохти дастгоҳи вежаи истихроҷи DNA аз бузоқ(об)и даҳон бо шеваи нав шуд.
Ширкати «Зисто ген офарин» муташаккил аз беҳтарин донишҷуёни донишгоҳҳои Эрон, ки бо ҳадафи сохти имконот ва таҷҳизоти пизишкӣ дар ҳавзаи генетик фаъолияти худро оғоз кардааст, муваффақ ба сохти дастгоҳи вежаи истихроҷи dna аз бузоқ(об)и даҳон бо шеваи нав ва маҳлули пойдоркунандаи бузоқ барои тӯлонӣ кардани муддати пойдории бузоқ шудааст. Ба гузориши Порс тудей, Сайид Абулфзл Мутаҳҳарӣ-мудири ин ширкати донишбунён, марсумтарин роҳи истихроҷи DNA -ро истифода аз ҳуҷайраҳои хунӣ донист ва гуфт: Ин равиш барои беморони солхурда, модарони бордор, навзодон ва кӯдакон, бемороне, ки хуни онҳо зуд лахта мешавад(лаъл мебандад) ва беморони мубтало ба камхунӣ бо душвориҳои ҳамроҳ аст.
Мутаҳҳарӣ дар идома баён кард: Истихроҷ аз бузоқи даҳон ба далели даргир будани даҳон бо бактерия, олудагӣ дорад, ки бояд тайи раванди мушаххас бо шустушу мизони бактерияро коҳиш дод. Сипас бо истифода аз як дастгоҳи пойдоркунанда метавон бузоқро барои муддати мушаххасе дар дамои утоқ пойдор нигаҳ дошт то озмоишгоҳҳо битавонанд дар муддати тӯлонитаре аз он истихроҷи босифат дошта бошанд. Бар асоси иттилооти ӯ ин дастгоҳи эронии истихроҷи dna, маҳсули нав дар ин замина аст.
Вай дар хусуси маҳсулоти дигари ин ширкати донишбунён ба дастгоҳи инкӯбатори inc03 ишора кард ва афзуд: Ин дастгоҳ як маҳфазаи оиқбандишудае аст, ки дар озмоишгоҳҳои зистӣ барои кишт ва рушд додани намунаҳои зинда монанди ҳуҷайраҳо ё микробҳо ба кор меравад ва бо контроли рутубат, дараҷа ва таркиби газҳои мавҷуд дар ҳаво монанд оксиген ва диоксиди карбон шароити муносиб барои рушди микроорганизмҳои зинда фароҳам мекунад.