Ҷон бохтани 483 нафар аз гирифторони вируси корона дар Эрон
-
Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи 24 ноябри 2020 эълом шуд
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 483 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Симо Содот Лорӣ, рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 721 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 2 ҳазору 801 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонда шуд".

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: "Муттаассифона дар 24 соати гузашта 483 бемори Ковид -19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 45 ҳазору 738 нафар расид".
- Лорӣ афзуд: "Теъдоди маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 880 ҳазору 542 нафар расидааст, ки хушбахтона то кунун 617 ҳазору 715 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд".
Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 60 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 403 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 41 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед: