Ноябр 24, 2020 22:12 Asia/Dushanbe
  • Ғанӣ: Мардуми Афғонистон аз ҷанг хастаанд ва сулҳ мехоҳанд
    Ғанӣ: Мардуми Афғонистон аз ҷанг хастаанд ва сулҳ мехоҳанд

Вазири умури хориҷаи Эрон хориҷ шудани масъулонаи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҳамроҳ бо интиқоли равону муассири вазоифи онҳо ба нерӯҳои амниятии Афғонистонро гоме дар ҷиҳати сулҳи пойдор дар ин кишвар донист.

Ба гузориши Идораи кули итилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар конфронси маҷозии Афғонистон 2020, суҳбат кардан аз ҷанг дар Афғонистон 20 сол баъд аз конфронси Бонро як фоҷеаи бузург хонду гуфт: “Беш аз 40 сол мардуми Афғонистон хунрезиҳоеро таҳаммул кардаанд, ки умдатан аз хориҷ сарчашма гирифтааст”.

Амрико бо терроризми иқтисодиаш монеи ҳамкориҳои минтақаӣ

  • Вазири умури хориҷаи Эрон аз ифтитоҳи роҳи оҳани Хофи Эрон - Ҳироти Афғонистон дар рӯзҳои наздик низ хабар доду гуфт: “Ҷумҳурии исломӣ аз тариқи бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон, Афғонистонро ба ҷаҳони хориҷ муттасил кардаву қодир аст дар заминаи энержӣ иқдомоти хубе барои ин кишвар анҷом диҳад, аммо Амрико бо тероризми иқтисодиаш, ки ҳам эрониҳову ҳам афғонҳоро ҳадаф қарор додааст, дар роҳи чунин ҳамкориҳое монеътарошӣ мекунад”.

 

Дар ҳамин ҳол Муҳамад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон низ рӯзи сешанбе дар дувумин рӯзи конфронси маҷозии Женева гуфт: “Тайи ду соли гузашта, афғонҳо дар бораи дастёбӣ ба сулҳи пойдор аз тариқи тавофуқи сиёсӣ бо Толибон ба иттифоқи назар расидаанд, сулҳе, ки мутобиқ бо арзишҳои қонуни асосии кишвар ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ бошад.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, коҳиши фақр, беҳбуди вазъияти маишатии мардум, иштиғолзоӣ ва рифоҳ иқдомоте аст, ки бояд барои барқарории сулҳи пойдор анҷом шавад.

Нишасти дурӯзаи Афғонистон 2020 субҳи рӯзи душанбе бо ҳузури намояндагони аршади 66 кишвар ва 32 созмони байналмилалӣ бо ҳадафи баррасии роҳкорҳои барқарории сулҳ, субот ва тавсеа дар Афғонистон оғоз ба кор кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп