Ноябр 25, 2020 23:17 Asia/Dushanbe

Се шаҳрванди эронӣ, ки ба иттиҳомоти беасрс дар хориҷ аз кишвар боздошт шуда буданд, бо як ҷосуси дутобеиятӣ ба номи Кайли Мур Гилберт, ки табааи Австралия ва Англия будаву барои режими саҳюнистӣ фаъолият мекардааст, мубодила ва озод шуданд.

Ба гузориши Алолам, Кайли Мур Гилберт, ҷосуси исроилии австралияитабор, ки дар пӯшиши фаъолиятҳои илмӣ барои ҷамъоварии иттилоот аз ҳавзаҳои ҳастаӣ вориди Эрон шудаву пас аз боздошт ба ҷурми иқдом алайҳи амнияти миллии Эрон, аз тариқи ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ ба 10 соли ҳабс маҳкум шуда буд, бо гузарондани 2 сол аз ҳабси худ ва бо тасмими мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон бо се шаҳрванди эронӣ ки дар хориҷ аз ин кишвар зиндонӣ шуда буданд ва яке аз онҳо тоҷир аст, мубодила шуд.

 

Кайли Мур Гилберт кист?

Кайли Мур Гилберт мутаваллиди соли 1987 дар Австралия аст, ки дар хонаводаи масеҳӣ ба дунё омада, аммо мазҳаби худро ба яҳудият тағйир додааст.

Ӯ аз 25 солагӣ ҷазби сервиси ҷосусии режими саҳюнистӣ шудаву бо тавсияи ин сервис ба таҳсил дар риштаи мутолеоти Осиё ва Ховари Миёнаи донишгоҳи Кембриҷи Лондон пардохт.

Пас аз поёни даврони таҳсил вай бо ҳузур дар як подгони низомӣ, илова бар гузарондани давраҳои омӯзиши низомӣ ба забонҳои арабӣ, ибрӣ, ҷопонӣ ва . .. мусаллат ва барои маъмуриятҳои созмонӣ омода шуд.

Гилберт бо яке аз афсарони режими саҳюнистӣ бо номи Руслан Ҳайдаров издивоҷ карду ба унвони аввалин маъмурият ба Сурия ва сипас ба Эрон эъзом шуд.

 

Бештар бихонед: