Пас аз гузашти 8 сол; Тиллои олимпик насиби вазнабардори Эрон шуд
(last modified Thu, 26 Nov 2020 12:54:49 GMT )
Ноябр 26, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Пас аз  8 сол; Тиллои олимпик насиби вазнабардорони Эрон шуд
    Пас аз 8 сол; Тиллои олимпик насиби вазнабардорони Эрон шуд

Кумитаи байналмилалии олимпик, медали тиллоии олимпик 2012 Лондонро ба вазнабардорони пешини Эрон дод.

Ҳайати иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпик  (IOC)  рӯзи чоршанбе ба сурати вебинар баргузор шуд, бар асоси тасмимоти Комиссияи инзиботӣ, тасмим ба тахисиси муҷаддади медалҳо ва дипломҳои ифтихории Бозиҳои Олимпии 2012  Лондон гирифт.

Бар асоси эъломи сайти расмии Олимпик, ба думболи радди салоҳияти варзишкорон дар риштаи вазнабардорӣ ба хотири допинг, натоиҷ тавассути Федератсияи Ҷаҳонии вазнабардорон аз нав танзим шудааст ва бо радди салоҳияти қаҳрамонон ва нафари чаҳоруми дастаи 105 килограммии мардон, медали тилло ба Навоб Насиршалол аз Эрон расид.

Варзишкорони Полша  ва Ӯзбекистон низ ба тартиб соҳиби медалҳои нуқра ва бронз шуданд.